Муолиҷа бо оби табобатию ошомиданӣ

ШУСТАНИ МЕЪДА БО ОБИ МИНЕРАЛӢ. Муолиҷа ҳангоми гастрити доимӣ дар ҳолати ҷамъшавии луоб, ҳангоми мутаҳаррикии нокифояи пардаҳои меъда, васеъ ё танг шудани пилорус (пайвастгоҳи меъдаю рӯда, қисми хурди меъда, ки онро аз рӯдаи дувоздаҳангушта ҷудо мекунад), инчунин ҳангоми зардаҷӯш таъин карда мешавад. Ин муолиҷа 2 маротиба дар як ҳафта таъин гардида, 4-5 курси муолиҷаро дар бар мегирад.

ДРЕНАЖИ РӮДАИ ДУВОЗДАҲАНГУШТА. Ин муолиҷа тавассути ба рӯдаи дувоздаҳангушта ворид намудани оби минералии то ҳарорати +40оС гарм гузаронида мешавад. Ҳар як курс 4-5 муолиҷаро дар бар гирифта, дар як ҳафта 2 муолиҷа тавсия дода мешавад. Ҳангоми зиёновар будани муолиҷаи дренажӣ тюбаж бо истифодаи оби минералӣ ва ксилит таъин мегардад.

ТЮБАЖ (усули шустан ба воситаи гузариши рефлексии об тавассути роҳҳои талхадон бе истифодаи зонд). Ин муолиҷа саҳарӣ бо дили наҳор гузаронида мешавад ва давомнокии он тақрибан 1,5 соатро дар бар мегирад. Беморро ба паҳлуи рост хобонида, пешакӣ ба ӯ грелкаи гарм гузошта, оби минералии бо 1-2 қошуқи ксилит омехташударо ба миқдори 200 мл (+40-45оС) ба бемор нӯшондан лозим аст. Баъди 20 дақиқа бемор бо қултҳои хурд оби минералии гарми бо ксилит омехтанашударо ба миқдори 200 мл бояд нӯшад. Курс аз 6-8 муолиҷа иборат буда, дар як рӯз як маротиба гузаронида мешавад.

ШУСТАНИ РӮДА. Ин муолиҷа ҳангоми қабзияти (сахтшавии) ихтилоҷӣ, атонӣ, дискинетикӣ, иллатҳои модарзодӣ, ба мисли ёзидану васеъшавии рӯда, ҳангоми заҳролудшавии рӯда, вайроншавӣ вобаста ба бемориҳои талхадон ва ғадуди зеримеъда таъин гардида, инчунин ҳангоми бемориҳои пӯст натиҷаи хуб медиҳад. Дар як курс 4-6 муолиҷа 2 маротиба дар як ҳафта таъин карда мешавад.

МИКРОҲУҚНА БО ОБИ МИНЕРАЛӢ. Ҳангоми зиёновар будани шустани рӯда бо оби минералӣ (бодхӯраи рӯдаи луобӣ, захми меъда, бавосир) микроҳуқна таъин карда мешавад. Ин муолиҷа дар як рӯз як маротиба иҷро гардида, гузаронидани 6-7 муолиҷа мувофиқи мақсад аст.

 

Баъди гузаштани 3-4 моҳ пас аз муолиҷа ин курсро такрор кардан мумкин аст. Вале фаромӯш накунед, ки истеъмоли аз ҳад зиёди оби минералӣ ба саломатӣ зарар расонида метавонад.