Оби минералии табобатию ошомиданӣ

    Бо мақсади тадқиқи конҳои нефт дар солҳои 1946-1947 дар соҳили сойи Чортоқ ҳангоми истихроҷ таҳти фишори баланд аз се чоҳ ба ҷои нефт оби каме талху шӯр фаввора зад. Ин об аз ҷиҳати таркиби намакҳои минералӣ аз оби курорти Карлова Вараи Ҷумҳурии Чехия камӣ надорад.

    Мутахассисоне, ки таркиби ин оби минералиро дар озмоишгоҳи институт омӯхтанд, дар бораи “хосияти ғайриоддӣ доштани оби минералии Чортоқ” хулоса бароварданд ва худи сарчашмаи об низ ин хулосаро тасдиқ менамояд.

    Соли 1953 бо мақсади дарёфти сарчашмаҳои оби ширин аз чоҳи №32 ҳам, ки 507 метр чуқурӣ дошт, оби минералӣ фаввора зад. Ин об субтермалӣ (ҳарораташ +30оС) буда, таркиби хлорид-сулфат-натрий дорад. Хосиятҳои табобатии ин об ба оби чашмаи №7-и курорти “Трускавец” монанд буда, ҳангоми табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҷигар, талхадон, ғадуди зеримеъда, диабети қанд, ҳангоми шустани меъдаю рӯда, ҳангоми шустани рӯдаи дувоздаҳангушта, барои муолиҷаҳои тюбаж ва микроҳуқна истифода бурда мешавад.